Тавре гуфта мешавад, дар минтақаи сарҳадии наздикии мамнӯъгоҳи Угом-Чотқол ҳаракати ду шахси номаълум мушоҳида мешавад.
Нерӯҳои сарҳадӣ дар доираи ваколати худ ба онҳо амри бозистодан медиҳанд, вале қонуншиканон кӯшиш кардаанд фирор кунанд. Ба ин сабаб, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, барои боздоштани онҳо ба ҳаво чанд маротиба тир меандозанд.
Бо вуҷуди ин, шахсони номаълум ба талаботи қонунии нозирони сарҳадӣ итоат накарда, ҳаракатро ба самти сарҳади давлатӣ идома медиҳанд. Баъд аз ин, чун чораи ниҳоӣ — нисбат ба онҳо аз силоҳ истифода мебаранд.
Дар натиҷа, онҳо захмӣ гардида, новобаста аз кӯмаки аввалияи тиббӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҷойи ҳодиса вафот мекунанд. Ҳангоми тафтиши ҷойи ҳодиса 1 дона хайма, 3 сар асп, маводи хӯрокворӣ ва изи шахси сеюме, ки муваффақ шудааст пинҳон шавад, пайдо гардиданд.
Дар ҳамин рӯз мақомоти сарҳадии Қирғизистон ва Қазоқистон аз ҳодиса огоҳ карда шуданд.
31 август шахсияти фавтидагон муайян гардид. Онҳо шаҳрвандони Қирғизистон будаанд. Ҷасади онҳо ба хешовандонашон супурда шуд.
Бо мувофиқаи роҳбарияти хадамоти сарҳадии Ӯзбекистон ва Қирғизистон, рӯзҳои 2–3 сентябр макони ҳодиса якҷо аз назар гузаронда шуд.
Дар натиҷаи тафтишоти комиссия маълум шуд, ки амали сарҳадбонон дар асоси қонунгузории Ӯзбекистон сурат гирифта, шаҳрвандони Қирғизистон марзи давлатиро вайрон кардаанд. Ҳамчунин, шахси сеюм муваффақ шудааст ба самти Қирғизистон баргашта, пинҳон шавад. Барои муайян кардани шахсияти ӯ ва андешидани чораҳои дахлдор созиш карданд.
Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо, ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолии минтақаҳои наздимарзӣ анҷом дода, ҳамкориро дар ҳифзи минтақаҳои душвори кӯҳӣ тақвият диҳанд.








