БАТР ният дорад ҳамкориро бо Ӯзбекистон густариш диҳад

    Сармояҳо 16 Noyabr 2022 1473

    15 ноябри соли ҷорӣ муовини Сарвазир – вазири сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ўзбекистон Ҷамшид Хоҷаев директори идоракунандаи Бонки аврупоии таҷдиду рушд оид ба Осиёи Марказӣ Жужанна Харгитай ва роҳбари намояндагии БАТР дар Ӯзбекистон Алкис Дракиносро қабул кард.

    Дар рафти вохӯрӣ намояндагони Бонк ба самаранокии дигаргуниҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Ӯзбекистон баҳои баланд дода, азми худро ҷиҳати идомаи дастгирии молиявӣ ва техникии равандҳои модернизатсия дар соҳаҳои энергетика, рушди инфрасохтор, обёрӣ ва дигар соҳаҳо изҳор намуданд.

    Иштироки васеи БАТР дар татбиқи ислоҳоте, ки ба беҳтар намудани хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика ва таъминоти об нигаронда шудааст, эълон карда шуд. Аз соли 2018 то имрӯз БАТР оид ба 14 лоиҳа дар Ӯзбекистон барои дастгирии ин бахшҳо созишнома ба имзо расонидааст. Илова бар ин, сандуқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ аз 7 - ба маблағи беш аз 724 миллион доллар иборат аст.

    Дар бораи пурзӯр намудани ҳамкории гурӯҳҳои кории ташкилшуда дар доираи омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои дарпешистода дар сатҳи баланди ташкилию моҳиятӣ тавофуқ ҳосил шуд.

    Зимни суҳбат ҳавасмандии бонк дар пешбурди ислоҳот ҷиҳати таҳкими сохтори институтсионалии соҳаи ирригатсионӣ дар Ӯзбекистон, бо назардошти маблағгузории лоиҳаи «Модернизатсияи 118 стансияҳои насосӣ дар вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона», ки арзиши 200 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, изҳор гардид. Дар бораи имзои Ёддошти тафоҳум оид ба татбиқи муштараки ин лоиҳа созиш ҳосил шуд.

    Дар ҷамъбасти вохӯрӣ ҷонибҳо пайравии худро ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар доираи татбиқи босифати лоиҳаҳои ҷорӣ ва рушди самтҳои нави шарикии стратегӣ изҳор намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates