Музокирот дар муҳити созанда ва корӣ гузашта, ҷонибҳо ба таҷрибаи пешқадами Миср дар соҳаи аз худ кардани заминҳои хушк, татбиқи технологияҳои обсарфакунанда, аз ҷумла системаҳои обёрии қатрагӣ ва боронмонанд, ки барои соҳаи кишоварзии Ӯзбекистон хеле муҳиманд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Фаъолияти ширкати «Daltex» дар самти парвариш, коркард ва содироти картошка мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Барои маълумот: ширкати «Daltex Corporation» фаъолияти худро дар 12 минтақаи Миср ба роҳ монда, тақрибан 45 ҳазор гектар заминро коркард мекунад. Ҳар сол зиёда аз 200 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда мешавад, ки бозорҳои асосии содиротии он Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳо мебошанд. Ҳамчунин 50 ҳазор тонна маҳсулоти ситрусӣ ва ангур тибқи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол ва ба беш аз 60 давлат содир карда мешавад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи кишоварзии муосир, истифодаи оқилонаи замин ва идоракунии захираҳои об муҳокима гардид.
Ҳамчунин имконияти ҷорӣ намудани таҷрибаи мисрӣ дар соҳаи картошкапарварӣ бо мақсади зиёд намудани истеҳсол ва содироти картошка дар Ӯзбекистон баррасӣ шуд.








