Ӯзбекистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

    10 ноябр вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов дар доираи ҷаласаи вазирони кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, бо муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон Ербол Тажжуреков мулоқот анҷом дод.Дар ҷараёни музокирот диққати асосӣ ба масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, таҳлили вазъи имрӯзаи лоиҳаҳои муштарак ва нақшаҳои тавсиаи онҳо равона карда шуд.

    Тарафҳо самтҳои барои ҳарду ҷониб фоиданоки ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ муайян карда, масъалаҳои рушди истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти ширӣ, парандапарварӣ, боғдорӣ, саноати коркард ва такмили низоми логистикаро ба таври муфассал баррасӣ намуданд. Ҳамчунин зарурати таҳкими механизмҳои ҳамкорӣ дар самти афзоиши ҳаҷми воридот ва содироти мутақобила, баланд бардоштани сифат ва стандартсозии маҳсулот таъкид шуд.

    Дар рафти мулоқот пешниҳодҳо оид ба тавсеаи мубодилаи илмӣ ва технологӣ байни муассисаҳои таҳқиқотии ду кишвар, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи чорводорӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самти омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо иброз гардид.

    Тарафҳо аҳамияти ба сатҳи нав баровардани ҳамкории Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва ҳамкории муштарак барои таъмини амнияти озуқавории минтақавиро таъкид карданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates