Ширкати мисрии "Solyphar" дар вилояти Тошканд истеҳсолоти дорусозӣ бунёд мекунад

    Тибқи созишномаи пешакӣ бо ширкати "Solyphar"-и Миср, ҳокимияти вилояти Тошканд расман дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии "Бӯстонлиқфарм" қитъаи замини 8 гектараро барои ташкили истеҳсоли шаклҳои сахти доруворӣ дар намуди хабҳо, капсулаҳои желатини сахт ва хокаҳои дозадор аз ҷониби ширкати "Solyphar" пешниҳод намуд.

    Ин лоиҳаи муштарак дар асоси созишномаҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Миср ҷаноби Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба Ӯзбекистон моҳи сентябри соли 2018 ба даст омадаанд, амалӣ карда мешавад.

    Дар назар аст, ки лоиҳа дар се марҳила дар давоми солҳои 2021-2024 амалӣ карда шавад, хабар медиҳад, хидмати матбуоти Агентии рушди соҳаи дорусозӣ.

    Ҳаҷми сармоягузории ширкати "Solyphar" тибқи стандартҳои байналмилалии GMP беш аз 20 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates