Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории лоиҳаҳоеро, ки ба баланд бардоштани сифати тадқиқоти илмӣ нигаронида шудаанд, тавсия медиҳанд

    Илм 4 Oktabr 2022 1169

    3 октябри соли ҷорӣ муовини вазири рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шахло Турдиқулова бо намояндагони Шӯрои байналмилалии коршиносони назди лоиҳаи Бонки ҷаҳонии "Навсозии низоми миллии инноватсионии Ӯзбекистон" мулоқот кард.

    Дар ҷаласа марҳилаҳои татбиқи лоиҳаи «Навсозии низоми миллии инноватсионии Ӯзбекистон» баррасӣ шуд. Аз ҷумла, дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур корҳои дар давраи гузашта анҷом додашуда ва нақшаҳои дарозмуддат баррасӣ гардиданд.

    3-8 октябри соли равон Шӯрои байналмилалии коршиносони назди доираи лоиҳаи «Навсозии низоми миллии инноватсионии Ӯзбекистон» лоиҳаҳоеро, ки иштирокчиёни барномаи «Беҳтар намудани сифати тадқиқоти илмӣ» пешниҳод намудаанд, баррасӣ мекунад.

    Пешбинӣ шудааст, ки ҳар як муаллифи лоиҳа лоиҳаи худро дар назди Шӯрои байналхалқии коршиносон ҳимоя кунад. Лоиҳаҳое, ки баҳои баланди Шӯрои байналмилалиро гирифтаанд, дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонии «Навсозии низоми миллии инноватсионии Ӯзбекистон» маблағгузорӣ карда мешавад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати рушди инноватсионӣ.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates