Маълумоти фавқулода: Узгидромет аз хатари сел дар 9 вилояти Ӯзбекистон ҳушдор дод

    Сайёраи сабз 17 Iyun 2024 658

    Бар асари боридани борони шадиди рӯзҳои 17-19 июн дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ омадани сел ва обхезӣ эҳтимол дорад.

    Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, онҳо метавонанд дар ин ҷойҳо ба амал оянд:

    вилояти Қашқадарё: ноҳияҳои Яккабоғ, Деҳқонобод, Чироқчӣ, Китоб, Шаҳрисабз, Қамашӣ, Ғузор;

    вилояти Сурхондарё: ноҳияҳои Сариосиё, Узун, Олтинсой, Денов, Бойсун, Шеробод, Шурчӣ, Қумқурғон, Музрабод;

    вилояти Самарқанд: ноҳияҳои Ургут, Самарқанд, Булунғур, Нуробод, Қӯшробод, Каттақӯрғон, Пайариқ, Ҷомбой, Иштихон;

    вилояти Навоӣ: ноҳияҳои Хатирчӣ, Навбаҳор, Нурато, Канимех, Кармана;

    вилояти Ҷиззах: ноҳияҳои Зомин, Бахмал, Ғаллаарал, Шароф-Рашидов, Фориш, Янгиобод;

    вилояти Тошканд: ноҳияҳои Оҳангарон, Бўстонлиқ, Паркент, Пскент, Уртачирчиқ, Юқоричирчиқ ва шаҳрҳои Ангрен, Олмалиқ;

    вилояти Намангон: ноҳияҳои Поп, Косонсой, Чортоқ, Чуст, Намангон, Янгиқӯрғон;

    вилояти Фарғона: ноҳияҳои Сӯх, Шоҳимардон, Фарғона, Бешариқ;

    вилояти Андиҷон: ноҳияҳои Андиҷон, Асака, Ҷалоқудуқ, Қӯрғонтеппа, Пахтаобод, Избаскан, Хоҷаобод, Марҳамат ва шаҳри Хонобод ҳодисаҳои омадани сел ва обхезӣ имконпазиранд.

    Аз шаҳрвандоне, ки дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, истироҳаткунандагон ва ронандагоне, ки ба ноҳияҳои кӯҳӣ сафар мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки чораҳои эҳтиётӣ андешанд.

    Оби борони дар саросари ҷумҳурӣ ҷамъшуда метавонад боиси обхезӣ дар минтақаҳо гардад.


    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates