Тибқи маълумоти СҶМ, эҳтимоли идома ёфтани Эл-Ниньо то моҳи феврали соли 2027 тақрибан 100 дарсад арзёбӣ мешавад. Ин падида, ки ба ғайримуқаррарӣ баланд шудани ҳарорати сатҳи об дар қисматҳои марказӣ ва шарқии уқёнуси Ороми экваторӣ вобаста аст, идома ба афзоиш дорад ва интизор меравад, ки дар охири соли 2026 ба шиддати ниҳоии худ бирасад. Оқибатҳои иқлимии он метавонанд дар соли 2027 низ идома ёбанд.

Дар изҳороти СҶМ таъкид шудааст, ки Эл-Ниньои хеле пуршиддат метавонад қонуниятҳои ҷаҳонии тақсимоти боришот ва ҳароратро ба таври назаррас тағйир дода, падидаҳои шадиди обу ҳаворо бештар кунад.

Созмон аз хадамоти миллии обуҳавошиносӣ ва гидрологӣ, инчунин сохторҳои СММ ва созмонҳои башардӯстона даъват кардааст, ки омодагиро ба оқибатҳои эҳтимолии ин падида пурзӯр намуда, аз ҷумла низомҳои огоҳсозии бармаҳалро густариш диҳанд.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш изҳор дошт, ки Эл-Ниньо «дар пеши чашмони мо густариш меёбад». Ба гуфтаи ӯ, маълумоти илмӣ аз идомаи болоравии ҳарорати сайёра шаҳодат медиҳанд. Афзоиши ҳарорати сатҳи баҳр дар якҷоягӣ бо гармшавии глобалӣ эҳтимоли рух додани падидаҳои шадиди обу ҳаворо зиёд мекунад.

Вай зарурати суръат бахшидани тадбирҳои байналмилалӣ барои ҳифзи аҳолӣ аз хатарҳои иқлимӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлимро таъкид кард.

Дабири кулли СҶМ Селесте Сауло пурзӯршавии интизории Эл-Ниньоро як ҳодисаи истисноӣ номид, ки омодагии васеъро талаб мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар таърихи 50-солаи созмон то ҳол барои омодагӣ ба як падидаи иқлимӣ чунин сафарбарсозии густурдаи хадамоти миллии обуҳавошиносӣ ва гидрологӣ сурат нагирифтааст.

Тибқи пешгӯии СҶМ барои моҳҳои сентябр-ноябри соли 2026, дар қариб тамоми минтақаҳои хушкӣ эҳтимоли ҳарорати аз меъёр баланд боқӣ мемонад. Ҳамзамон, хусусияти тақсимоти боришот мутобиқи сенарияи хоси Эл-Ниньои шадид тағйир хоҳад ёфт.

Мутахассисон қайд мекунанд, ки таъсири ин падида вобаста ба минтақа фарқ хоҳад кард. Дар баъзе қисматҳои ҷаҳон хатари боришоти шадид ва обхезӣ афзоиш ёфта, дар минтақаҳои дигар эҳтимоли хушксолӣ, гармои ғайримуқаррарӣ ва хатарҳои вобаста ба он бештар мешавад.