Дар мамлакат ҷиҳати рушди ҳар як соҳа ба масъалаи кадрҳо диққати махсус дода мешавад. Таълими ҷавонон, такмили таҷрибаи мутахассисон аз тарафи давлат дастгирӣ карда мешавад.
Бо ин мақсад аз тарафи Бунёди “Эл-юрт умиди” 2 ҳазору 225 нафар ҷоизадорони стипендия қариб ба 45 давлат барои таҳсил фиристода шуда, барои ин аз буҷет ҷамъ 1,5 триллион сӯм равона гардид. То ҳол аз онҳо 1400 нафарашон ба Ӯзбекистон баргашта, дар шабакаҳои иқтисодиёт, бахшҳои таълим, фан, тиб ва идоракунии давлатӣ фаъолият доранд. Ҳоло 748 нафар ҷоизадорони стипендия дар донишгоҳҳои бонуфузе, ки дар рӯйхати “ТОП-300” ҷойгиранд, таҳсил мегиранд.
Бо мақсади тавсеаи минбаъдаи чунин корҳо, аз нав чун Бунёди “Эл-юрт умиди” оид ба омодасозии кадрҳои ояндадори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил кардани ин бунёд ва ба сифати Академияи сиёсати давлатӣ ва идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис додани Академияи идоракунии давлатӣ дар назар аст. Онҳо якҷо бо Агентии рушди хидматҳои давлатӣ ба кластери омодасозии кадрҳо табдил дода мешаванд.
Аз ҷумла, дар баробари таҳсили бакалаврӣ, магистратура ва докторантура, барои тайёр кардани мутахассисони ояндадор дар хориҷ, хидматчиёни давлатӣ ба таҷрибаомӯзии мақсадноки то шаш моҳ фиристода мешаванд. Дар ин раванд ба соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт, аз қабили энергетика, урбанизатсия, нақлиёт, меъморӣ, геодезия, муносибатҳои замин, технология, муҳандисӣ, идоракунии давлатӣ ва тамоюлҳои имрӯзаи иҷтимоӣ афзалият дода мешавад.
Ба довталабоне, ки ба донишгоҳҳои дар рейтингҳои байналмилалӣ ба “TOP-100” мансуб дар асоси грант дохил шудаанд, стипендияи “Эл-юрт умиди” бидуни имтиҳон дода мешавад. Барои онҳое, ки ба донишгоҳҳои ТОП-300 бо грант дохил шудаанд, хароҷоти нақлиёти байналмилалӣ ва манзил бе имтиҳон пардохта мешавад. Ба хатмкунандагони мактабҳои Президентӣ, ки ба донишгоҳҳои “ТОП-20” дар асоси 50 фоиз грант қабул шудаанд, стипендия бидуни озмун дода мешавад.
Бо мақсади роҳандозии мулоқоти доимӣ бо ҳамватанонамон, ки дар хориҷ мехонанд, омӯхтани эҳтиёҷот ва кумак дар раванди таълиму тарбияи онҳо, Шӯрои падару модарони ҷоизадорони стипендияи Бунёди “Эл-юрт умиди” таъсис дода мешавад. Ба сафорат ва консулхонаҳо вазифаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ташкилӣ ба донишҷӯён вогузор мегардад.
Дар тайёр кардани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ Академияи сиёсати давлатӣ ва идоракунӣ низ нақши калон мебозад. Дар курсҳои «Мактаби ҳокимон», «Мактаби занони пешво», «Пешвоёни оянда»-и ин ҷо барномаҳои пешрафтаи таълимӣ роҳандозӣ шудаанд. Дар соли гузаштаи таҳсил бештар аз 13 ҳазор шунавандагон такмили ихтисос намуданд.
Тибқи низоми нав, акнун барои хидматчиёни давлатӣ се барнома: такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва магистратура ба роҳ монда мешавад. Тамоми таҳсилоти дарозмуддат ва миёнамӯҳлат дар асоси барномаҳои муштараки таълимӣ бо шарикони хориҷӣ ва тавсияҳои асосии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ташкил карда мешаванд.
Дар магистратура дар самтҳои «Идораи давлатӣ», «Сиёсати давлатӣ», «Рушди маҷмӯии ҳудудҳо», «Рушди захираҳои инсонӣ» ва «Идораи молияи давлатӣ» ба муҳлати то 18 моҳ дониши амиқ бозомӯзӣ мешавад. Ғайр аз супориши давлатӣ, довталабон дар шакли шартномаи пардохт низ қабул карда мешаванд.
Дар Академия барои пешниҳоди тавсияҳо оид ба беҳтар намудани сифати барномаҳои таълимӣ ва тадқиқоти илмӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо муассисаҳои бонуфузи илмию таълимии хориҷӣ Шӯрои байналмилалии академии машваратӣ таъсис дода мешавад.
Инчунин, дар академия 4 маркази нав ташкил мегардад. Масалан, Маркази тадқиқи илмию амалии мушкилоти идоракунии давлатӣ таъсис ёфта, он оид ба баланд бардоштани самаранокии хидмати давлатӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами бахши хусусӣ дар идоракунии давлатӣ тавсияҳо хоҳад дод.
Президент пешниҳодҳоро маъқул дониста, аз рӯйи дар асоси тамоюлҳои нав ҷорӣ кардани ин низомҳо, такмили ихтисоси кормандони бунёд ва академия дастур дод. Муҳимияти ҷустуҷӯи пайвастаи ҷавонони лаёқатманд ва дар сатҳи баланд тарбия намудани онҳо, ҷалби мутахассисони соҳибихтисос ба ислоҳот таъкид гардид.