Президент Шавкат Мирзиёев 27 август бо бунёдкороиҳо дар вилояти Тошканд ва шаҳр шинос шуд
Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Зангиота маркази ягонаи нигоҳдорӣ ва коркарди маълумоти низоми «Ҳукумати электронӣ» сохта шуд.
Дар мамлакатамон оид ба рақамисозии тамоми соҳаҳо ва баланд бардоштани қулайӣ дар хидматрасонӣ ба аҳолӣ чораҳо андешида мешаванд. Инчунин, кишвари мо ба маркази нодири минтақавии хизматрасонии масофавӣ табдил меёбад. Ин зарурати таъсиси маркази маълумотҳоро мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ба миён овард.
Аз ин рӯ, дар доираи Стратегияи "Ӯзбекистони рақамӣ – 2030” бори аввал дар Ӯзбекистон маркази ягонаи нигоҳдорӣ ва коркарди маълумоти маҳсулнокиаш баланд таъсис дода шуд. Сарвари давлатамон бо шароитҳои дар ин ҷо фароҳам овардашуда шинос шуд.
Дар ин марказ дар ҳамкорӣ бо ширкати чинии Huawei низоми зарфияташ 20 петабайт насб шудааст. 580 сервер, генераторҳои дизелии иқтидори умумиаш 5 мегаватт кори муттасили системаро таъмин мекунанд. Хунуккунии биноҳо, шабакаҳои аз сухтор муҳофизаткунӣ низ ба талабҳои замон ҷавоб медиҳанд. Умуман, маркази маълумотҳо дорои шаҳодатномаи TIER III мебошад, ки аз ҷониби институти байналмилалии "Uptime" дода шудааст.
– Ин марказ "дили"-и рақамисозӣ, пояи "Ҳукумати электронӣ" аст, - гуфт Президент.
Дар натиҷаи кори марказ хароҷоти чандинмиллиардҳои давлатӣ барои нигаҳдории маълумот ва дастгирии техникӣ сарфа гардида, сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва соҳибкорон беҳтар мегардад. Муҳимтар аз ҳама, муҳофизати боэътимод аз ҳамлаҳои киберӣ таъмин карда мешавад.