Пешниҳодҳо оид ба рушди ҳукумати электронӣ баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 13 Sentabr 2023 5243

    Президент Шавкат Мирзиёев 13 сентябр бо тақдимоти чораҳо оид ба рушди ҳукумати электронӣ шинос шуд.

    Дар кишварамон рақамисозии соҳаҳои иқтисодиёт ва хидмати иҷтимоӣ фаъол татбиқ мегардад. Вазифаҳо дар ин самт дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030”, ки ба қарибӣ қабул шуд, муайян шуда, – мақсади ворид шудан ба 30 беҳтарин рейтинги ҳукумати электронии СММ гузошта шудааст.

    Ин рейтинги байналмилалӣ (e-Government Development Index) дараҷаи рушди ҳукумати электрониро дар кишварҳои ҷаҳон инъикос намуда, ба густариши муколамаи электронии байни давлат ва мардум, баланд бардоштани дастрасӣ ва қулайии истифодаи хадамот, рушди ҷолибияти сармоягузории кишвар ташвиқ мекунад. Солҳои охир Ӯзбекистон мавқеъашро дар ин раддабандӣ пайваста беҳтар мекунад ва соли гузашта дар ҷои 69-ум қарор гирифт.

    Барои дохил шудан ба сиюмин беҳтарини рейтинг бо иштироки коршиносони хориҷӣ “харитаи роҳ” таҳия шудааст, ки аз 53 чорабинӣ дар 6 самт иборат аст. Дар он беҳбуди 112 нишондиҳандаҳо дар соҳаи хидматҳои онлайн, ба портали my.gov.uz роҳандозӣ ва интегратсия кардани 700 хидмати рақамӣ дар соли 2024, бо интернети баландсуръат таъмин кардани нуқтаҳои аҳолинишин ва шоҳроҳҳоро пешбинӣ менамояд.

    Барои дастгирии илмию ҳуқуқии ин раванд, ҳамкорӣ бо шарикон дар назди комиссия оид ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» идораи лоиҳавӣ созмон дода мешавад.

    Сарвари давлатамон ин пешниҳодҳоро маъқул дониста, оид ба рушди сармояи инсон дар соҳаи хидмати онлайн ва технологияҳои баланд супоришот дод. Ба вазорати рушди рақамӣ дастур дода шуд, ки дар Департаменти дахлдори СММ (UNDESA) оид ба чораҳои аз ҷониби Ӯзбекистон андешидашуда ва натиҷаҳои бадастомада ҷиҳати беҳтар намудани мавқеи Ӯзбекистон дар рейтинг тақдимот баргузор намояд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates