Дар соҳаи ёрии эндокринологӣ низоми нав ҷорӣ карда мешавад

    Ҳукумат 10 Dekabr 2021 5262

    Таҳти раёсати Президент Шавката Мирзиёев 10 декабр оид ба чораҳои такмил додан ва васеъ гардондани фарогирии хидмати эндокринологӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

    Эндокринология - яке аз самтҳои муҳимтарини таъмини саломатӣ ва сифати зиндагии инсон мебошад. Солҳои охир барои беҳтар кардани ин соҳаи тандурустӣ барномаи махсус амалӣ карда мешавад.

    Пойгоҳи моддию техникии 14 филиали Маркази ҷумҳуриявии махсуси тибии илмию амалии эндокринология мустаҳкам карда шуд. Аз ҳисоби дар ин филиалҳо ташкил кардани шуъбаҳои махсус шумораи муроҷиатҳо ба маркази ҷумҳуриявӣ 2 баробар кам шуда, хароҷоти зиёдатии қариб 5 ҳазор нафар шаҳрвандон пешгирӣ карда шуд. Ҳамасола 80 ҳазор нафар беморон бо инсулин ройгон таъмин карда мешаванд.

    Тавре маълум аст, ҳолати норасоии масуният дар миёни аҳолии Ӯзбекистон васеъ паҳн шудааст. Дар натиҷа басомади касалиҳои ғадуди сипаршакл баланд аст. Дар давоми панҷ соли охир касалиҳои эндокринӣ, аз ҷумла дар байни ҷавонон 20 фоиз афзуд.

    Умуман, чунон ки натиҷаҳои тадқиқоти дар байни 2 миллион нафар одамон гузарондашуда нишон доданд, чунин бемориҳо дар 6 фоизи санҷидашудагон дучор меоянд. Ба далели набудани шароит ва мутахассисон барои ташхиси хун дар ноҳияҳо теъдоди муроҷиат ба пойтахт бинобар бемориҳои чашм, гурда ва пой, ки дар асари авомили шадиди бемориҳои эндокринӣ ба вуҷуд омадааст, афзоиш ёфтааст.

    Ба ин муносибат дар ҷаласа масъалаҳои ба ҳалли мушкилот дар самти барвақт ошкор ва табобати бемориҳои эндокринӣ, бахусус, беҳбуди кори муассисаҳои ёрии аввалия марбут мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    - Барои барвақт ошкор намудани бемориҳои эндокринӣ дар муассисаҳои тиббии ибтидоӣ харидани таҷҳизоти мураккаб зарур нест. Бо роҳи муҷаҳҳазсозии лаборатория, бо реагентҳои зарурӣ таъмин кардани онҳо ва тайёр кардани на танҳо эндокринологҳо, балки духтурони оилавӣ ба натиҷаҳои хуб ноил шудан мумкин, - гуфт Президент.

    Сарвари давлат зарурати ҷорӣ намудани низоми навро дар ин самт таъкид кард. Барномаи алоҳидаи барвақт ошкор намудан, пешгирӣ ва табобати бемориҳои эндокринӣ қабул карда мешавад.

    Дар баробари ин, пеш аз ҳама, ҳамкории зичи духтурони оилавӣ ва эндокринологҳо ба роҳ монда мешавад. Роли бригадаҳои тиббӣ, кабинетҳои тиббӣ ва Мактабҳои тандурустии дар маҳалҳо ташкилшуда баланд мешавад.

    Масалан, дар сурати ба роҳ мондани 10 намуди таҳлил дар муассисаҳои тиббии ибтидоӣ шумораи муроҷиатҳоро ба марказҳои вилоятӣ 50 фоиз коҳиш додан мумкин, таъкид гардид дар ҷамъомад.

    Илова бар ин, бо мақсади барвақт ошкор намудани бемориҳои эндокринӣ аз соли оянда аҳолии зерини аз 40-сола боло на камтар аз як маротиба дар як сол аз ташхис гузаронида мешавад. Феҳристи ягонаи электронии беморони гирифтори бемориҳои эндокринӣ роҳандозӣ мешавад. Ҳар як гурӯҳи тиббӣ бо глюкометр барои экспресс-тестҳо таъмин карда мешавад.

    Аз 1 июли соли оянда ба занони ҳомила ва ширдеҳ, бачагони аз 3 то 15-сола бепул доруи йод дода мешавад. Ҳамчунин, ба беш аз 200 ҳазор нафар ниёзманд ба беморони гирифтори диабети қанд метформин ройгон дода мешавад. Ба гирифторони диабети қанд ва одамони бинобар диабети қанд хавфдошта дар идоракунии бемориҳо омӯзонида мешаванд.

    Барои татбиқи ин низом ба масъулин дастур дода шуд. Инчунин барои тайёр кардани мутахассисон барои системаи ёрии аввалия, истеҳсол ва ба воситаи поликлиникаҳои оилавӣ паҳн намудани доруҳои сеталаб тадбирҳо муайян карда шуданд.

    Дар маҷлис инчунин масъалаҳои аз нав ташкил кардани хизмати лабораторӣ дар муассисаҳои тиббӣ муҳокима карда шуданд.

    Аз ҷумла, дар ноҳияҳо санҷишҳои зарурии лабораториро ба роҳ монда, имкон дорад, ки шумораи хизматрасонӣ аз 5 то ба 17 расонида ва шумораи муроҷиатҳо ба маркази ҷумҳуриявӣ 20 фоиз кам карда шавад.

    Ба ин муносибат зикр гардид, ки нормативҳои таҳлилҳои лабораторӣ бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ бояд пурра таҷдид ва нав карда шаванд.

    Дар ноҳияҳо аз ҳисоби оптимизатсияи лабораторияҳои поликлиникаҳои оилавӣ ва марказӣ, беморхонаҳои марказӣ ва шӯъбаҳои ёрии таъҷилӣ лабораторияҳои марказии 24 соата таъсис дода мешаванд. Ба онҳо барои ҷамъоварии мавод аз дармонгоҳҳои оилавӣ ва марказҳои тиббӣ нақлиёт дода мешавад.

    Дар давоми соли оянда ихтисоси бештар аз 1000 нафар духтурон ва зиёда аз 3000 нафар коркунони звенои миёна, ки дар лабораторияҳо кор мекунанд, такмил дода мешаванд.

    Дар назар аст, ки шумораи шуъбаҳои байниноҳиявии маркази эндокринологӣ аз 29 адади ҳолоина то ба 50 адад расонида шавад. Филиалҳо дар минтақаҳо бо таҷҳизоти нави тиббӣ муҷаҳҳаз гардида, шумораи хизматрасонӣ аз 15 ба 40 адад расонида мешавад.

    Муассисаи асосии соҳа Маркази махсуси ҷумҳуриявии тиббии илмию амалии эндикринология ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат дастур дод, ки марказ ба биноҳои нави ҳудуди клиникаи Академияи тиббии Тошканд кӯчонда, фаъолияти он дар заминаи бисёрсоҳавӣ ташкил карда шавад.

    Зимнан зикр гардид, ки дар марказ чунин самтҳои пешрафта, аз қабили табобати ихтилоли гормоналӣ ва минералӣ, гинекологияи репродуктивӣ ва эндокринӣ, онкоэндокринология, диабети дил ва ҷарроҳии интервенсионӣ ташкил карда мешаванд. Ғайр аз ин, зиёда аз 20 намуди нави амалиёти технологии баланд ташкил карда мешавад.

    Барои ин Маркази эндокринологӣ ба муассисаи илмию инноватсионӣ табдил дода, мутахассисони хориҷӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб карда шуда, квотаҳои докторантура ду баробар зиёд карда мешавад. Дар назар аст, ки коромӯзии хориҷии табибони марказ ташкил карда шавад.

    Оид ба масъалаҳои баррасишуда шахсони масъул маълумот дода, фикру андеша ва пешниҳодҳои духтурон шунида шуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates