Тибқи таҳлили коршиносони байналмилалӣ, Ӯзбекистон ба зумраи кишварҳои аз ҳама сермасрафи энергия дохил мешавад. Аз ҷумла, қариб 50 фоизи истеъмоли ниҳоии энергия дар кишвар ба биноҳо рост меояд ва масрафи энергия ба як метри мураббаъ нисбат ба кишварҳои аврупоӣ чанд маротиба баландтар аст.

Дар ин замина, соли гузашта барои татбиқи ислоҳоти низомманд дар соҳаи самаранокии энергетикӣ агентии алоҳида таъсис дода шуд. Ба сохтори нав вазифа гузошта шудааст, ки то соли 2030 истеъмоли энергияро дар иқтисодиёт ҳадди ақал 20 фоиз ва дар муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои иҷтимоӣ 15 фоиз коҳиш диҳад.

Дар муаррифӣ нақшаҳои фаъолияти агентӣ барои соли 2026 баррасӣ гардиданд.

Аксари биноҳо дар кишвари мо дар солҳои 60–70-уми асри гузашта сохта шудаанд ва сатҳи талафоти энергетикии онҳо то ҳол баланд боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, ба роҳ мондани корҳои васеъмиқёс оид ба баланд бардоштани самаранокии энергетикии иншооти иҷтимоӣ ва маҳаллаҳои истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст. Имсол барои ин мақсадҳо 150 миллиард сӯм ҳамчун субсидия ва ҷубронпулӣ ҷудо карда мешавад.

Зикр гардид, ки ҳангоми баланд бардоштани самаранокии энергетикии иншооти иҷтимоӣ, ки шумораи онҳо дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 ҳазорро ташкил медиҳад, бояд ба густариши иштироки институтҳои молиявии байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ диққати махсус дода шавад.

Ҳамин тариқ, дар доираи барномаи сармоягузории соли ҷорӣ 770 иншооти иҷтимоӣ мутобиқи стандартҳои самаранокии энергетикӣ модернизатсия карда мешаванд. Барои ин мақсад маблағҳои институтҳои молиявии байналмилалӣ ба ҳаҷми 264 миллион доллар ҷалб мегарданд.

Ҳамчунин масъалаҳои таҳияи механизмҳои ба даст овардани даромад аз ҳисоби сарфаи энергия — рушди хизматрасониҳои ширкатҳои энергосервисӣ (ESCO) ва ташаккули бозори дахлдор баррасӣ шуданд.

Дар бораи нақшаҳо оид ба истифодаи васеи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳангоми гузаронидани энергоаудити биноҳо, инчунин дар тарҳрезӣ ва моделсозии иншоот мутобиқи стандартҳои самаранокии энергетикӣ маълумот дода шуд.

Нақшаҳои мушаххаси баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ дар бахши саноат низ муайян гардиданд. Аз ҷумла, имсол дар 142 корхонаи нассоҷӣ насби панелҳои офтобӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки корхонаҳо 722 миллион киловатт-соат нерӯи барқ ва 693 миллиард сӯм сарфа намоянд. Инчунин модернизатсияи 300 насос дар низоми таъминоти оби нӯшокӣ дар назар аст.

Ба мушкилоти низоми гармидиҳии мутамарказ диққати махсус дода шуд. Айни ҳол сатҳи баланди талафоти энергетикӣ ба фарсудашавии қисми дегхонаҳо ва шабакаҳои гармӣ вобаста аст. Дар робита ба ин, имсол дар доираи модернизатсияи дегхонаҳо ва низомҳои гармидиҳӣ, гузаронидани онҳо ба низоми пӯшида, насби 400 нуқтаи инфиродии гармӣ ва таҷдиди на камтар аз 100 километр шабакаҳои гармӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки стандартҳои самаранокии энергетикӣ ва қоидаҳои муассирро ҳангоми сохтмон, таъмир ва таҷдиди биноҳо таҳия намоянд.

Дар муаррифӣ ҳамчунин тадбирҳои оид ба ҷорӣ намудани механизмҳои рақобатпазири бозорӣ дар соҳаи энергетикаи барқ андешидашуда баррасӣ гардиданд.

Аз ҷумла, интиқоли шабакаҳои шиддати паст ба бахши хусусӣ аз вилояти Самарқанд оғоз мешавад ва дар марҳилаи баъдӣ ин таҷриба ба вилоятҳои Андиҷон, Ҷиззах, Намангон, Сирдарё, Тошканд ва шаҳри Тошканд густариш дода хоҳад шуд. Интизор меравад, ки ин иқдом ба таври назаррас талафотро коҳиш дода, тавассути ҷалби сармоягузориҳо ба навсозии шабакаҳо мусоидат кунад.

Дар бораи ҷараёни корҳои ташаккули бозори яклухти нерӯи барқ маълумот пешниҳод гардид.

То имрӯз рӯйхати истеъмолкунандагони яклухт тартиб дода шудааст, ки ҳамасола зиёда аз 10 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеъмол мекунанд. Барои ин корхонаҳо ҷорӣ намудани низоми хариди нерӯи барқ дар бозори яклухт тавассути шартномаҳои мустақим бо нархгузории соатбайъ пешниҳод шудааст.

Айни замон корҳо оид ба таъсиси танзимгарони алоҳида барои бахшҳои энергетикӣ ва коммуналӣ идома доранд. Бо дарназардошти таҷрибаи хориҷӣ, пешниҳод оид ба таъсиси танзимгари ягона ироа гардид.

Президенти кишвар пешниҳодҳоро ҷонибдорӣ намуда, аҳамияти баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ ва ташкили муҳити рақобатпазир дар бозори энергетикаро таъкид кард ва ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дод.

Ба мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ вазифа гузошта шуд, ки риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ ва ногузирии ҷавобгариро дар соҳаҳои баррасишуда таъмин намоянд, инчунин дар татбиқи бечунучарои чорабиниҳои пешбинишуда бо ҳокимиятҳо ҳамкории зич ба роҳ монанд.