Дар Рӯзи ҷавонон – 30 июн, дар Шаҳраки
олимпии шаҳри Тошканд маросими супоридани ин мукофотҳо баргузор гардид.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки ҳар як ҷавони
мамлакат дорои иқтидор, истеъдод ва қобилияти бузург аст.
– Шумо ворисони муносиби ниёи бузурги мо ҳастед,
ки дар замони худ бо кашфиёти нодири хеш ба тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми шоиста
гузошта, чароғи “ақл”-и Давраи эҳёи аввал ва дуюм буданд. Албатта, ворис будан
танҳо мояи ифтихор нест, балки ворисӣ ин масъулияти бузург низ ҳаст!
Чунонки ниёгони мо барои пешрафти башарият
корҳои бузург анҷом додаанд, шумо низ бояд неруе бошед, ки пойдевори давраи
нави эҳёи Ӯзбекистони Нав – Эҳёи сеюмро бунёд гузоред, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сипас, Президент ба ҷавонон мукофотҳои
давлатиро супурд.
– Соҳибони мукофотҳои давлатиро бори дигар
аз номи тамоми мардум табрик мегӯям. Бигзор ин эътирофи баланд шуморо ба фатҳи
марраҳои нав раҳнамун созад. Сафи шумо боз ҳам васеътар гардад! – гуфт роҳбари Ӯзбекистон.
Ҷавонони мукофотонидашуда барои имкониятҳое,
ки аз ҷониби давлат фароҳам мегарданд, изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки
минбаъд низ барои бо дониш, меҳнат ва ташаббусҳои худ дар пешрафти Ватан саҳм
гузоштан омода ҳастанд.