Агар ҷамъбасти холҳои ҷаримавӣ аз 12 хол зиёд шавад, ронанда аз ҳуқуқи идораи нақлиёт маҳрум мегардад

    Нақлиёт 21 Fevral 2025 1169

    Ҳангоме ки холҳои ҷаримавии ҳисобшуда дар давоми як сол аз 12 зиёд мешаванд, ронанда ҳамчун ҷазои иловагӣ барои охирин қонуншикании содиркардааш аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт маҳрум карда мешавад.

    Мӯҳлати маҳрумият аз чунин ҳуқуқ наметавонад камтар аз 6 моҳ бошад.

    Қонун «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ва тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба такмили низоми амнияти ҳаракати роҳ» (№ ҚҶӮ-1033 аз 20.02.2025) қабул шуд.

    Тибқи тағйиротҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ воридшуда, ҷавобгарии маъмурӣ барои ҳолатҳои зерин пешбинӣ карда мешавад:

    аз ҳад зиёд шудани шумораи муқарраршудаи холҳои ҷаримавӣ барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;

    ҳамзамон:

    * барои содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ, ба ронандаи воситаи нақлиёт, дар баробари ҷазои асосии дар моддаҳои дахлдор пешбинишуда, холҳои ҷаримавӣ ҳисоб карда мешаванд. Шумораи ҳадди аксари холҳои ҷаримавӣ барои ҳар як ҳуқуқвайронкунии содиршуда набояд аз 2 хол зиёд бошад.

    *холҳои ҷаримавӣ дар давоми як сол аз рӯзи содир шудани аввалин ҳуқуқвайронкунӣ ҳисоб карда мешаванд. Холҳои ҷаримавии барои ҳуқуқвайронкуниҳои дар қисми аввали ҳамин модда пешбинишуда ҳисобшуда, пас аз гузаштани як сол ба таври автоматӣ бекор карда мешаванд.

    * дар ҳолатҳое, ки шумораи холҳои ҷаримавӣ дар давоми сол аз 12 зиёд мегардад, ронанда ҳамчун ҷазои иловагӣ барои охирин ҳуқуқвайронкунии содиркардааш аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт маҳрум карда мешавад. Мӯҳлати маҳрумият аз чунин ҳуқуқ наметавонад камтар аз 6 моҳ бошад.

    * вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки бо гази табиии фишурдашуда, гази моеъи нефтӣ ё омехтаи дизелӣ ва сӯзишвории газӣ кор мекунанд;

    * вайрон кардани қоидаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва интиқоли мусофирон;

    * вайрон кардани қоидаҳои сабқат (обгон) дар роҳ;

    * бадахлоқӣ дар роҳ;

    * паҳн кардани тасвирҳои фото ва (ё) видеоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо таҳриф ва иваз кардани онҳо бо мақсади беобрӯ кардани онҳо.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates