Президенти Шӯрои Аврупо аз Ӯзбекистон боздид намуд

    Ҳукумат 28 Oktabr 2022 6534

    27 октябр ба мамлакатамон Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ташриф овард.

    28 октябр меҳмони олимартаба аз боғи «Янги Ӯзбекистон» боздид намуд ва ба пояи Муҷассамаи истиқлолият гул гузошт.

    Дар қароргоҳи «Кӯксарой» Шарл Мишел бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуд. Суратгирии якҷоя ба вуқӯъ пайваст. Пас аз он мулоқотҳо дар дараҷаи олӣ шурӯъ гардиданд.

    Дар суҳбат дар доираи танг масъалаҳои муҳими минбаъд вусъат додани ҳамкории доманфарох баррасӣ гардида, табодули афкор доир ба мавзӯъҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ ба амал омад.

    Дар бораи идома додани кори зичи якҷоя оид ба вусъат додани ҳамкории амалӣ бо мақсади ҳамдастӣ ба татбиқи барномаи бозсозиҳои демократӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакатамон, пеш аз ҳама дар соҳаҳои инноватсия, иқтисодиёти «сабз», рақамисозӣ аҳду паймон ба вуҷуд омад.

    Ғайр аз ин, масъалаи таҳияи «харитаи роҳ» оид ба татбиқи пешниҳодот ва ташаббусҳое, ки Ӯзбекистон дар ҷараёни ҳамоиш дар андозаи «Осиёи Марказӣ – ИА» пешбарӣ намуд, ҳамоҳанг карда шуд.