EXPO 2020 Дубай: биёед дар минтақаи баҳри Арал якҷоя боғ бунёд кунем!

    Сайёраи сабз 29 Mart 2022 1598

    Ба иштирокдорони EXPO 2020 Dubai лоиҳаи «My garden in the Arai Sea», ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии қаъри хушкшудаи баҳри Арал ва Назди Арал таҳия шудааст, пешкаш гардид.

    Лоиҳа ба васеъ кардани майдони растаниҳои ба шароити хоку иқлими қаъри хушкшудаи баҳри Арал мутобиқшуда, баланд бардоштани ҳосилнокии замин нигаронида шудааст.

    Ҳар як шахс аз ҳар гӯшаи дунё метавонад дар ин раванд ширкат варзида, дар ин кори хайр саҳм гузорад.

    Дар доираи намоишгоҳ меҳмонони павилони Ӯзбекистон дар доираи лоиҳаи «Боғи ман дар баҳри Арал» дарахт шинонданд. Аз ҷумла, роҳбари ширкати Dubai Refreshment Саид Муҳаммад ал-Алӣ ва директори иҷроияи HollyMan Holdings Юсуф ал-Шайх фаъолона ширкат варзиданд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates