Дар доираи форум семинари байналмилалии илмию амалии “Сафирони иродаи неки баҳри Арал”, намоишгоҳ ва плэнери эҷодии “Арал бо чашми рассомон” баргузор мегардад. Дар намоишгоҳ расмҳои баҳри Арал, ки аз тарафи рассомони ибтидоӣ ва касбӣ кашида шудааст, намоиш дода мешаванд.
Инчунин, 18 апрел дар Мўйноқ экомарафони Aral Sea Eco Race ба масофаи 2 километр ба нақша гирифта шудааст. Иштирокчиён ба масофаи 1 километр то майдони дарахтшинонӣ давида, дарахт мешинонанд ва бармегарданд. Дар хати марра ба ҳар як давандаи марафон барои иштирок дар лоиҳаи барқарорсозии табиат медал дар шакли дарахти рамзӣ дода мешавад. Барои ширкат варзидан дар Aral Sea Eco Race бояд дар сомонаи prorun.uz сабти ном гардид.
Илова бар ин, меҳмонони чорабинӣ аз фестивали гастрономии «99 намуди хӯрокҳои моҳии баҳри Арал» ва саёҳати фаромӯшнашаванда ба ёдгориҳои таърихӣ баҳравар хоҳанд шуд.