«Тавре ки маълум аст, баҳри Арал дар нимаи дуюми солҳои 60-уми асри гузашта ба хушкшавӣ шурӯъ кард ва ҳоло майдони қаъри хушк тақрибан 6 миллион гектарро ташкил медиҳад. Бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон дар майдони 2 миллион гектар дарахтони гуногун шинонида шуда, барои беҳтар намудани муҳити экологии минтақа корҳо идома доранд», - гуфт Азиз Абдуҳакимов.
Ҳадафи асосии мусобиқа ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти экологии ин минтақа ва рӯҳбаланд кардани ҳама ба иқдомҳои фаъол барои наҷоти сайёраи мо мебошад.