Дар маҳалҳои сераҳолии вилоят, бахусус дар даромадгоҳи бозорҳо ва назди мактабҳо  насби светофорҳои сайёр, ки бо ёрии батареяҳои офтобӣ кор мекунанд, идома доранд.

Лоиҳаи дастгоҳи мазкурро олимони Донишкадаи политехникии Фарғона тартиб додаанд. Светофори сайёри  аввал дар ноҳияи Ёзёвон насбшуда самараи хуб дода, энергияро сарфа кардан, имконяти дар ҷойи дилхоҳ насб карда шудани он аз ҳар ҷиҳат писанд омадааст.

Имрӯзҳо «светофорҳои оқил»-ро мутахассисони корхонаи «Олтиариқ-инноватсия» истеҳсол мекунанд.