Дар вилояти Ҷиззах филиали яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Русия кушода мешавад

    Ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон иборат аз намояндагони Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати тандурустӣ, ҳокимияти вилояти Ҷиззах ва Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба Донишгоҳи федералии Қазон ташриф оварданд. Мақсади сафар ба роҳ мондани ҳамкориҳои умедбахш бо муассисаҳои таҳсилоти олии бонуфузи Федератсияи Русия мебошад.

    Дар ҷараёни мулоқот оид ба ташкили фаъолияти филиали донишгоҳ дар вилояти Ҷиззах созиш ба даст оварда шуд.

    Тибқи муоҳидаи имзошуда, филиали Донишгоҳи федералии Қазон дар Ҷиззах фаъолияти худро дар соли таҳсили 2022/2023 оғоз мекунад. Ҳадди аққал 40% ҳайати омӯзгорони филиалро Донишгоҳи федералии Қазон таъмин хоҳад кард. Ҳокимияти вилояти Ҷиззах барои мутахассисони хориҷӣ ва донишҷӯёни филиал манзил ҷудо мекунад. Раванди таълим тибқи барномаҳои таълимии Донишгоҳи федералии Қазон сурат мегирад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates