Филмҳо аз барномаи ҷашнвора аз 19 то 25 май дар "Premier Cinema"-и Лондон намоиш дода мешаванд. Баъд аз байни филмҳои намоиш додашуда ғолиби фестивал интихоб карда мешавад.
“Дар Роҳи абрешим” дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Кино дар 5 рӯз” барои коргардонҳои ҷавон ба навор гирифта шудааст, ки ба барномаи ҷашнвораи байналмилалии синамои Тошканд “Марвориди Роҳи абрешим” ворид шудааст. Он барандаи ин ҷашнвора дар номинатсияҳои «Гран-при» ва «Беҳтарин нақши бозигар» гардид.
Илова бар ин, филм дар номинатсияи "Беҳтарин филми кутоҳметражаи Осиё" дар кинофестивали AWFF-2021 («Asian World Film Festival»), ки дар Лос-Анҷелес баргузор шуд, ғолиб гардид.
Муаллифи сенария Шоҳжахон Субхонов, режиссёр Шерзод Назаров, оператор Диёр Исматов, рассом Эркин Хушматов, роҳбари бадеӣ Алӣ Ҳамроев мебошанд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Агентии кинематография.