Филмҳои кинематографистони Ӯзбекистон барандагони ҷоизаҳои форуми байналмилалии кинофестивали «Ритсари тиллоӣ» гардиданд

    Фарҳанг 30 May 2022 1003

    Дар Форуми ХХХI байналмилалии синамо "Ритсари тиллоӣ" дар Севастопол ҷоизаи Гран-приро филми мустанади синамогарони "Матонат"-и ӯзбекистонӣ, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Студияи филмҳои ҳуҷҷатӣ ва кинохроника" ба навор гирифта шудааст, соҳиб шуд. Ҷоизаи асосӣ низ ба як филми дигари ватанӣ - филми бадеии "Мерос"-и коргардон Хилол Насимов дода шуд.

    Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии кинематография, форуми байналмилалии синамои “Ритсари тиллоӣ” ҳамасола ҷашнвораи синамои маънавию ахлоқӣ маҳсуб мешавад. Дар он зиёда аз ҳашт ҳазор нафар ходимони маданияти 60 мамлакати ҷаҳон иштирок доштанд. 9 хазор фильм намоиш дода шуд.

    Филм-барандаи Ҷоизаи Гран-прии «Матонат» дар ҳамкорӣ бо Агентии кинематография ва маъмурияти вилояти Самарқанд ба навор гирифта шудааст. Филм дар бораи сарнавишти фоҷиабори 101 сарбози ӯзбекистонӣ, ки дар лагери консентратсионии Амерсфорт дар Ҳолланд кушта шудаанд, қисса мекунад.

    Дар филм инҳо кор карданд: режиссёр Шухрат Махмудов, муаллифи сенария Розика Мергенбоева, операторҳо Рифкат Иброхимов, Рустам Магадиев, рассом Бектош Раҷабов, бастакор Дмитрий Янов-Яновский.

    Филми «Мерос», ки барандаи мукофоти асосии кинофорум гардид, дар бораи дӯстии қадима, ягонагии анъана ва эътиқоди халқҳои ӯзбеку қазоқ нақл мекунад.

    Муаллифи сенария ва режиссёр-саҳнагузор Ҳилол Насимов, режиссёри дуюм Машраб Алиқулов, оператор-саҳнагузор Хусан Алиев, бастакор Дмитрий Янов-Яновский, рассом Фазлиддин Турдиев.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates