Дар ин бора шабакаи телевизионии Fox News дар пахши мустақим хабар дод.
Бино ба иттилои оҷонсии иттилоотӣ, Мадуро дар суханронии худ дар толори додгоҳ таъкид намудааст, ки ӯ ҳамоно Президенти Венесуэла боқӣ мемонад ва бегуноҳ аст. Судяе, ки раванди судро роҳбарӣ мекард, суханронии ӯро қатъ кардааст, менависад Fox News.
Тибқи иттилоъи оҷонсии иттилоотӣ, Мадуро аз тарҷумон истифода бурда, ба толори додгоҳ бидуни дастбанд ворид шудааст. Ҷаласаи суд бо вақти маҳаллӣ баъд аз нисфирӯзӣ оғоз гардидааст. Дар мурофиа ҳамчунин адвокати амрикоии Мадуро Барри Поллак низ иштирок кард.
3 январ вазири корҳои хориҷии Венесуэла Иван Хил Пинто эълон кард, ки ИМА ба аҳолии осоишта ва иншооти ҳарбии Каракас ҳамла анҷом додааст. Ӯ амалиёти Вашингтонро таҷовузи ҳарбӣ номид. Дар Венесуэла ҳолати фавқулода эълон шуд. Баъдтар Президенти ИМА Доналд Трамп зарбаҳоро тасдиқ намуда, аз боздошт ва интиқоли Николас Мадуро ва ҳамсараш хабар дод. Онҳо ба ИМА оварда шуда, дар боздоштгоҳи тафтишотии ҷануби Ню-Йорк, дар ноҳияи Бруклин нигоҳ дошта мешаванд.
Бино ба таъкиди Трамп, ИМА назорати муваққатиро бар Венесуэла ба уҳда мегирад. Ғайр аз ин, роҳбари администратсияси ИМА изҳори итминон кард, ки аз Каракас барои ширкатҳои нафтии Амрико ҷубронпулӣ мегирад. Президент гуфт, ки ин ширкатҳо барои барқарорсозии инфрасохтори нафтии Венесуэла маблағ ҷудо мекунанд, хабар медиҳад tass.ru.