Масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Дар оғози суҳбат Президенти Фаронса сарвари давлати мо ва мардуми сермиллати Ӯзбекистонро бо 30-юмин солгарди истиқлолияти кишвар гарму ҷӯшон табрик намуда, аз самими қалб сулҳ, некӯаҳволӣ, комёбиҳои бузург ва шукуфоӣ таманно кард.
Роҳбарон ҷанбаҳои амалии муносибатҳои Ӯзбекистону Фаронсаро баррасӣ карданд, аз ҷумла, иҷрои “харитаҳои роҳ”-ро мутобиқи созишномаҳои ҳамоиш, ки моҳи октябри 2018 дар Париж ба даст омаданд, мавриди муҳокима қарор доданд.
Айни замон бо иштироки ширкатҳои пешбари фаронсавӣ лоиҳаҳои афзалиятнок дар маҷмӯи истихроҷи маъдан, дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, навсозии хоҷагии коммуналӣ, рушди кластерҳои туристӣ ва дигар соҳаҳо амалӣ карда мешаванд. Барномаи дарозмуддати ҳамкории молиявӣ ва техникӣ бо Агентии рушди Фаронса қабул шуд.
Бо мақсади пешбурди ташаббусҳои муштарак моҳи майи соли равон дар Тошканд ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва бизнес -форум бо иштироки ҳайати намояндагии соҳибкории Фаронса баргузор гардид.
Дар бораи дар сатҳи баланд гузаронидани як қатор чорабиниҳои фарҳангии муштарак, аз ҷумла намоишгоҳи мероси ғанитарини фарҳангию таърихии кишвари мо дар нимаи аввали соли оянда дар осорхонаи Лувр созиш ба даст омад.
Президентҳо оид ба рушди вазъият дар минтақа дар заминаи шиддат ёфтани вазъи низомию сиёсии Афғонистон табодули афкор карданд. Муҳимияти роҳандозии ҳамкорӣ ва тақвияти табодули афкор оид ба масъалаҳои таъмини амният ва суботи минтақавӣ таъкид шуд.
Гуфтугӯи телефонии раҳбарони Ӯзбекистон ва Фаронса дар фазои анъанавӣ созанда, корӣ ва дӯстона сурат гирифт.