Имрӯз, 2 ноябр дар шаҳри Самарқанд чорабиниҳои асосии сафар аз истиқболи расмии раҳбари Фаронса оғоз шуданд.
Дар майдони назди Маркази конгресс қаровули фахрӣ саф орост.
Президенти Ӯзбекистон меҳмони олиро гарму ҷӯшон истиқбол намуда, ба шоҳсуфа даъват намуд.
Оркестри ҳарбӣ гимнҳои давлатии ҳар ду мамлакатро иҷро кард. Қаровули фахрӣ аз назди сарони давлатҳо бо марши ботантана гузашт.
Президентҳои Ӯзбекистон ва Фаронса аъзои ҳайатҳои расмиро истиқбол намуданд.
Сипас дар сатҳи олӣ музокирот оғоз шуд.