Мошинҳои фаронсавӣ бо чароғҳои ӯзбекистонии "UzChasys" муҷаҳҳаз гардонда мешаванд

    Нақлиёт 28 Iyun 2022 1426

    Истеҳсолгари чароғҳои автомобилии "UzChasys"-и Намангон, ки зершуъбаи сохтории ҶС “Ўзавтосаноат” мебошад, ба интиқоли фараҳо барои автомобилҳои "Peugeot Partner"-и ширкати "Stellantis" (Фаронса) шурӯъ намуд.

    Ҳамин тариқ, ширкат ҷуғрофияи интиқоли маҳсулоти худро ҳоло ба Фаронса васеъ кардааст. Партияи аввалини чароғҳо аллакай 23 июн фиристода шуда буд.

    Чӣ хеле ки «Ўзавтосаноат» таъкид мекунад, дар соли 2021 қариб сеяки ҳамаи пули савдои корхона ба содирот рост омад, ки он 8,5 миллион долларро ташкил дод.

    ҶДММ "UzChasys" бузургтарин истеҳсолкунандаи чароғҳои автомобилӣ дар Осиёи Марказӣ буда, ба конвейерҳои «Uzavto Motors» (Ӯзбекистон), « Peugeot -Avtovaz» (Русия) ва «PCMA Rus» (Русия) маҳсулот интиқол медиҳад. Ширкат барои брендҳои "Chevrolet", "Lada", "Niva" ва "Peugeot" чароғҳо истеҳсол мекунад.

    Корхона соли 2009 дар вилояти Намангон ташкил шудааст. Штати имрӯза аз 638 нафар иборат аст.

    Барои маълумот: "Stellantis" холдинги ҷаҳонӣ мебошад, ки соли 2021 тавассути муттаҳидсозии Fiat Chrysler Automobiles PSA Group таъсис ёфтааст. Брендҳои Fiat, Chrysler, Peugeot, Citroen, Opel, Jeep, Maserati, Alfa Romeo ва ғайра соҳиб аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates