Сарфи назар аз он ки нишондиҳандаҳои асосии фурудгоҳи байналмилалии Навоӣ дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 афзоиш ёфтанд, иқтидорҳои он дар хидматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо, ҳамлу нақли мусофирон ва бор пурра истифода намешаванд.
Ҳамчунин зарур аст инфрасохтори фурудгоҳ, парки техника, терминалҳои боркашонӣ ва мусофирбарӣ навсозӣ шуда, равандҳои корӣ рақамӣ гардонида шаванд.
Дар тақдимот пешниҳод гардид, ки рушди фурудгоҳи байналмилалии Навоӣ бар асоси принсипҳои идоракунии лоиҳавӣ ба роҳ монда шавад.
Фурудгоҳ аз низоми мутамаркази идоракунии оперативии ҶС «Uzbekistan Airports» хориҷ карда шуда, ба он ҳуқуқ дода мешавад, ки мустақилона бо ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ ва хориҷӣ оид ба парвозҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ, инчунин нишастҳои транзитӣ ва техникӣ музокира ва шартнома бандад.
Вазифаҳо оид ба зиёд намудани содироти хидматрасониҳои авиатсионӣ тавассути равона намудани даромади фурудгоҳ ба навсозии инфрасохтор, васеъ намудани захираҳои сӯзишворӣ, инчунин ба роҳ мондани хизматрасониҳои таъмир ва рангкунии ҳавопаймоҳо муайян карда шуданд.
Дар бораи нақшаи тиҷоратии барои рушди фурудгоҳи байналмилалии Навоӣ таҳияшуда маълумот пешниҳод гардид. Тибқи лоиҳа, нишондиҳандаҳои фаъолияти тиҷоратӣ ва ғайриавиатсионӣ 50 фоиз зиёд карда мешаванд, парвозҳои мунтазами зиёда аз 25 ширкати ҳавопаймоӣ ба роҳ монда мешаванд ва ҳаҷми коркарди бор ба зиёда аз 20 ҳазор тонна расонида мешавад.
Оид ба таъсиси минтақаи озоди гумрукии «порто-франко» дар ҳудуди фурудгоҳ, ки ба пешниҳоди хизматрасониҳои техникӣ ва тиҷоратӣ барои ҳавопаймоҳо ихтисос ёфтааст, вазифа гузошта шуд.
Таҷҳизоти махсус ва қисмҳои эҳтиётие, ки барои хидматрасонии техникии ҳавопаймоҳо ворид карда мешаванд, то 1 январи соли 2029 аз боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд. Ҳамчунин қарор қабул шуд, ки меҳмонхонаи воқеъ дар ҳудуди фурудгоҳ ба идораи фурудгоҳ супорида шавад.
Дар ҷараёни муаррифӣ ба масъалаҳои трансформатсияи корхонаҳои авиатсияи гражданӣ диққати махсус дода шуд.
Маълумот дар бораи тадбирҳои маҷмӯӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо ва таъмини устувории молиявии онҳо пешниҳод гардид, ки коҳиш додани хароҷот, истифодаи оқилонаи захираҳо ва ба аутсорсинг додани хизматрасониҳои ба фаъолияти асосӣ вобастанабударо пешбинӣ мекунад.
Зарурати коҳиш додани хароҷоти истифода тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи энергия ва истифодаи нақлиёти махсуси барқӣ таъкид гардид.
Қарор қабул шуд, ки аз соли 2026 маблағгузории фаъолияти ғайриасосии ширкатҳои саҳҳомии «Uzbekistan Airways» ва «Uzbekistan Airports» қатъ карда шавад. Фаъолияти «Uzbekistan Airports» бар асоси 18 вазифаи афзалиятнок ва «Uzbekistan Airways» бар асоси 16 вазифаи афзалиятнок амалӣ мегардад.
Аз ҷумла, ҳамчун вазифаҳои афзалиятнок баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳо тавассути беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, ҷорӣ намудани усулҳои оптималии ҳисобкунии арзиши аслии хизматрасонӣ ва маҳсулот, рақамисозии тамоми марҳилаҳои равандҳои истеҳсолӣ, инчунин тайёр ва бозомӯзии кадрҳо муайян гардиданд.
Дар доираи трансформатсия тадбирҳо оид ба бозбинӣ намудани сохторҳои ташкилотӣ, оптимизатсияи шумораи кормандон, баланд бардоштани рейтингҳои байналмилалии қарзӣ, баромадан ба IPO ва ҷойгир намудани облигацияҳои байналмилалии корпоративӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои такмили куллии низоми тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи авиатсия, аз ҷумла рафти корҳои таъсиси Донишгоҳи авиатсияи гражданӣ ва техникуми авиатсионии назди он баррасӣ шуданд.
Муассисаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо марказҳои пешрафтаи байналмилалии таълими авиатсионӣ, аз қабили Embry-Riddle (ИМА) ва ENAC (Фаронса) таъсис дода мешаванд. Дар донишгоҳ дар баробари тайёр намудани мутахассисони касбҳои амалӣ – стюардессаҳо, техникҳо ва механикҳои авиатсионӣ – инчунин барномаҳои тайёр намудани халабонҳо, муҳандисон, диспетчерҳои авиатсионӣ ва менеҷерҳо роҳандозӣ мегарданд. Ҳамчунин ба роҳ мондани барномаҳои илмӣ ба нақша гирифта шудааст.
Пас аз ҷонибдорӣ кардани пешниҳодҳо, Президенти кишвар ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дод.