Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва РКОҲИ  баррасӣ шуд.

Ба намояндагони Раёсати Комиссари олӣ  оид ба ислоҳоти васеъмиқёси солҳои охири Ӯзбекистон, аз он ҷумла дар соҳаи демократикунонии ҷамъият, таъмини  ҳуқуқ, озодӣ в манфиатҳои инсон маълумот дода шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои Ӯзбекистонро бо мақомоти шартномавӣ ва  расмиёти махсуси СММ баррасӣ карданд.

Хулан Седев ба дигаргунсозиҳое, ки дар ҷумҳурӣ, махсусан, дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба амал меоянд, баҳои баланд дод.

Мубодилаи афкор оид ба тавсеаи ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва РКОҲИ, аз ҷумла тавассути расонидани кумаки экспертӣ ва машваратӣ дар иҷрои тавсияҳои мақомоти шартномавии СММ, инчунин дар омода кардани маърӯзаи миллии ҷумҳурӣ дар чаҳорчӯби даври чоруми Шарҳи даврии универсалӣ сурат гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.