«Дар натиҷаи тафтишот ва чораҳои таъҷиливу кофтуковӣ маълум шуд, ки дар содир кардани ин ҷиноят дар маҷмӯъ 7 нафар даст доранд. Бар зидди 5 нафар чораи пешгирӣ дар шакли ҳабс татбиқ шуда, 2 нафар дар кофтуков қарор доранд», - қайд мекунад Прокуратураи генералӣ.
Дар байни гумонбарон шаҳрванди Ӯзбекистон Ҷавлон Юнусов мебошад, ки дар Кореяи Ҷанубӣ боздошт ва ба Ватан истирдод шудааст.
Ҳамчунин, макони будубоши гумонбар К. С. дар Ҷумҳурии Қазоқистон муайян шуда, бо иштироки ӯ корҳои тафтишотӣ гузаронида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш баъзе роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла раиси Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон, аз вазифа озод карда шуданд. Тибқи маълумоти манбаи ӮзА, ин барканориҳо дар доираи парвандаи марбут ба суиқасд ба ҷони Комил Алламҷонов амалӣ гардиданд.