Аъзои ҳайат бо Прокурори генералии Ӯзбекистон Ниғматилла Юлдошев мулоқот карданд.
Мубодилаи таҷриба оид ба ташкили фаъолияти прокуратура, ислоҳоти ҳуқуқӣ, тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳо дар соҳаи фаъолияти прокурорӣ ва тафтишотӣ сурат гирифт.
Ҷонибҳо ҳамкориҳои ду ниҳодро баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки барномаи ҳаракати амалӣ тартиб дода шавад. Миёни Академияи Прокуратураи генералӣ ва Академияи адлияи Туркия ёддошт ба имзо расид, ки асоси он барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти афзоиши захираҳои кадрӣ мегардад.
Ҳайат бо фаъолияти Академия, ташкили раванди таълим, таъсиси системаҳои иттилоотӣ, инфрасохтор шинос шуда, ба Осорхонаи таърихи Прокуратураи Ӯзбекистон ташриф овард.
Дар доираи сафари ҳайат як қатор мулоқотҳо дар назар аст. Дар Академияи Прокуратураи генералӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои актуалии фаъолияти прокуратура дар пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ» ва дигар чорабиниҳо баргузор мегарданд, хабар медиҳад ӮзА.