Прокуратураи генералӣ: Дар Ӯзбекистон қариб 765 ҳазор ҷойҳои қалбакии корӣ муайян шуд

    Дар ҳафт моҳи соли 2024 Прокуратураи генералии Ӯзбекистон як қатор чорабиниҳоро доир ба мубориза бар зидди коррупсия, дастгирии соҳибкорӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ амалӣ намуд.

    Дар бахши шуғли аҳолӣ 764,7 ҳазор ҷойҳои кории тақаллубӣ муайян карда шуданд, ки дар гузоришҳо оид ба барномаҳои шуғли аҳолӣ инъикос ёфтаанд.

    Дар соҳаи молия аз рӯи дуздии маблағҳое, ки барои додани музди меҳнат ва нафақа пешбинӣ шуда, 4,2 миллиард сӯмро ташкил медиҳад, 52 парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

    Дар соҳаи соҳибкорӣ аз ҷониби прокуратура 15600 нафар соҳибкорону сармоягузорон дар гирифтани қарз, қитъаи замин, иҷозату литсензия дастгирӣ карда шуд. Ба шарофати ин тадбирҳо фаъолияти 5 ҳазору 755 корхона барқарор карда шуд, ки дар натиҷа беш аз 7 ҳазор ҷойи корӣ сарфа гардид.

    Дар соҳаи муҳофизати тартиботи ҳуқуқӣ 11 ҳазору 400 ҷиноят кушода, қариб 4500 нафар шахсони дар кофтуков буда дастгир карда шуданд.

    Прокуратура ба рӯёндани 9,2 триллион сӯм, аз он ҷумла 455 миллиард сӯм қарзи аҳолӣ дар назди ширкатҳои идоракунӣ, 319 миллиард сӯм дар назди корхонаҳои таъминоти гармӣ ва 1,7 триллион сӯм дар назди ташкилотҳои обтаъминкунӣ мусоидат намуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates