Канслери Германия аз ансамбли Регистон дидан кард

    15 сентябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Канслери Федералии Олмон Олаф шолтсро, ки бо ташрифи расмӣ дар кишварамон қарор дорад, дар майдони Регистон пешвоз гирифт.

    Яке аз рамзҳои асосии давлатамон, ифодакунандаи нерӯи созандаи аҷдодони мо – майдони Регистон, ки дар ҷаҳон машҳур аст, ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст. Мадрасаҳои Мирзо Улуғбек, Шердор ва Тиллакорӣ, ки ба ҳайати ансамбл дохил мешаванд, бо салобат, таърихи бой ва меъмории нотакрори худ дар ҳама таассуроти амиқ мегузоранд.

    Ба меҳмони олимақом дар бораи маълумоти таърихӣ оид ба бунёди ин дурдонаи меъмории шарқӣ, хусусиятҳои хоси ороишҳо, инчунин воқеаву шахсиятҳои муҳими марбут ба ин макон, мероси фарҳангии халқи ӯзбек маълумот дода шуд.

    Зимни суҳбат қайд гардид, ки шаҳри Самарқанд, ки воқеан яке аз гаҳвораҳои бостонии тамаддуни ҷаҳонӣ ба шумор меравад, имрӯз ба маркази тиҷорату сайёҳӣ табдил меёбад.

    Шавкат Мирзиёев ва Олаф Шолтс дар назди ансамбли Регистон якҷоя акс гирифтанд.

    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates