Олмон аллакай рӯзи 15 январ 13 низомии худро ба пойтахти Гренландия — шаҳри Нуук равон мекунад. Дар ин бора дар изҳороти Бундесвер хабар дода шудааст.
Тавре зикр мегардад, низомиёни олмонӣ ҳамроҳ бо дигар давлатҳои аврупоӣ бо даъвати Дания аз 15 то 17 январ дар як миссияи иктишофӣ иштирок хоҳанд кард. Онҳо бо ҳавопаймои нақлиётии Airbus A400M ба макон интиқол меёбанд.
«Ҳадаф омӯзиши шароити умумӣ барои саҳмгузории эҳтимолии ҳарбӣ бо мақсади дастгирии Дания дар таъмини амният дар минтақа, аз ҷумла дар самти имкониятҳои назорати баҳрӣ мебошад. Разведка дар маҳал якҷо бо намояндагони кишварҳои дигари шарик анҷом дода мешавад», — гуфтаанд дар Бундесвер.
Тибқи гузориши нашрияи Bild, дар марҳилаи аввал фиристодани як гурӯҳи пешқадами Бундесвер ба Гренландия дар назар аст, аз ҷумла воҳиди иктишофӣ барои арзёбии вазъ ва омодагӣ ба густариши минбаъдаи нерӯҳо.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки Дания аллакай аз афзоиши назарраси ҳузури ҳарбии худ дар қаламрави Гренландия хабар дода ва аз дигар кишварҳои аврупоии узви НАТО интизори иқдомҳои ҳамсон мебошад.
Гарчанде расман тақвияти контингенти ҳарбӣ зери сарпарастии НАТО сурат мегирад, ба иттилои Bild, ҳамоҳангсозии амалиётро на намояндагони Эътилоф, балки Копенгаген ба уҳда дорад,. Ин равиш бо мавҷуд набудани эътимод ба Иёлоти Муттаҳида шарҳ дода мешавад, аз ин рӯ амалиёт бидуни иштироки ҷониби амрикоӣ анҷом меёбад, менависад korrespondent.net.
«Дар Олмон ба ин раванд Вазорати мудофиа ва, бо нақши пешбар, Канселярияи канслери федералӣ ҷалб шудаанд. Ба ғайр аз миссияи омӯзишӣ барои неруҳои кӯҳӣ, номзадҳои асосӣ барои иштирок қувваҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва ҳарбӣ-ҳавоӣ ба ҳисоб мераванд», — гуфта мешавад дар хабарҳои расонаҳо.