Қаҳрамонони Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ҷоизаҳои сазовор гирифтанд

    Варзиш 22 Avgust 2022 1843

    Дар Маркази ҷумҳуриявии омодагӣ ба намудҳои олимпӣ ва паралимпии варзиш маросими тантанавӣ мукофотонидани ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Кунияи Туркия баргузор гардид, ба амал омад.

    Дар чорабинӣ мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Абдувоҳидов, вазири рушди варзиш Адҳам Икромов, ноиб-президенти Шӯрои олимпии Осиё Отабек Умаров, шахсони масъули Кумитаи миллии олимпӣ ва паралимпӣ, варзишгарон ва мураббиён иштирок карданд.

    Абдуҷаббор Абдувоҳидов чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки Сарвари давлат ба варзишгарон пайваста таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Ӯ ба варзишгарон барои шуҷоаташон дар мусобиқаҳои оштинопазир ташаккур баён карда, ба онҳо муваффақиятҳои минбаъда орзу намуд.

    Инчунин дар чорабинӣ Адҳам Икромов ҳайати ватаниро бо пирӯзӣ табрик гуфт. Пас аз он, тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ғолибони Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ бо мукофотҳои якдафъаинаи пулӣ дар ҳаҷми 5000 доллар, барандагони медалҳои нуқра – 3000 доллар, барандагони медалҳои биринҷӣ – 2000 доллар мукофотонида шуданд.

    Дар навбати худ варзишгарон барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлат изҳори сипос намуда, таъкид намуданд, ки барои он ки минбаъд низ шарафи Ватанамонро дар арсаи байналмилалӣ сазоворона ҳимоя намоянд, тамоми имкониятҳоро ба кор меандозанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти КМО.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates