Ҷаласаи аввалин таҳти роҳбарии президенти нави ШОО Шайх Ҷоан Ал Тонӣ ба такмили кори дафтари марказии созмон ва низоми идоракунӣ, омодагӣ ба мусобиқаҳои бузурги дарпешистода, густариши ҳамкорӣ бо минтақаҳои дигар ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ бахшида шуд.

Дар доираи сафари корӣ иштирокчиён ҳамчунин бо амири Кувайт Шайх Мишоал ас-Сабоҳ ва валиаҳд Шайх Сабоҳ ас-Сабоҳ мулоқот карданд. Дар рафти музокирот роҳҳои таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Кувайт дар соҳаи варзиш баррасӣ шуданд.