Дар ин чорабинӣ роҳбарияти Вазорати варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, собиқадорони варзиш ва пешвоёни дастаи мунтахаб иштирок намуда, ба мухлисон барори кор ва роҳи сафед орзу карданд.

Тибқи нақша, гурӯҳи 8-нафара дар ҷараёни сафар ба ҳамаи минтақаҳои кишвар ташриф оварда, бо ҳамватанон ва дӯстдорони футбол мулоқот мекунад. Сипас масир аз тариқи Қазоқистон ва Аврупо гузашта, баъдан онҳо уқёнуси Атлантикро убур карда, ба ИМА мерасанд.