Лоиҳаҳои соҳаи гидроэнергетика баррасӣ гардиданд

    Ҳукумат 30 Noyabr 2021 2418

    Президент Шавкат Мирзиёев 30 ноябр бо тақдимоти лоиҳаҳои соҳаи гидроэнергетика шинос гардид.

    Дар мамлакатамон ҷанбаи энергетика фаъолона инкишоф меёбад. Ба ғайр аз нирӯгоҳҳои барқӣ, ки дар асоси ашёи хоми анъанавӣ, мисли нафт ва газ кор мекунад, инчунин иншооте сохта мешавад, ки аз манбаъҳои барқароргарданда, мисли офтоб, шамол ва об энергия ҳосил менамояд.

    Аз он ҷумла соли 2017 бо фармони Президент ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» таъсис гардида буд. Дар давраи гузашта 11 нирӯгоҳи барқии обии нав сохта шуда, 80 чунин нирӯгоҳ такмил дода шуд. Дар натиҷа иқтидорҳои тавлидкунандаи электр барилова ба миқдори 244 мегаватт ба вуҷуд оварда шуданд.

    Аммо зарфияти гидроэнергетикаи мамлакатамон ҳамагӣ ба миқдори панҷоҳ фоиз истифода мегардад. Бинобар ин 21 лоиҳаи бузурги сохтмони нирӯгоҳи барқӣ бо иқтидори умумии 740 мегаватт таҳия гаштааст. Аз он ҷумла, соли оянда татбиқи 7 лоиҳа ба иқтидори умумии 170 мегаватт, солҳои 2023-2024 12 лоиҳа ба иқтидори 150 мегаватт, солҳои 2025-2026 2 лоиҳа ба иқтидори 420 мегаватт ба нақша гирифта шудааст.

    Зимни тақдимот дар бобати сохтмони босифат ва бо фаъолияти суботнок таъмин намудани иншооти мазкур супоришҳо дода шуд.

    Роҳбари давлат хусусан ба сохтмони нирӯгоҳҳои барқии обии хурд эътибори алоҳида нигаронд, ки барафрохтани сарбандро тақозо намекунад ва ҳамзамон ногузирии ҷалб намудани сектори хусусиро ба ин соҳа таъкид намуд.

    То ҳол рӯйхати 22 майдони истиқболнок ташаккул ёфтааст, ки дар онҳо дар асоси тендер бунёд намудани нирӯгоҳҳои барқии обии хурди иқтидораш то 5 мегаватт ба нақша гирифта шудааст.

    Инчунин ба имкон доштани насби нирӯгоҳҳои обии ихчами иқтидорашон то 500 киловатт барои бо барқ таъмин намудани деҳоте, ки дар шафати дарё ва каналҳо, мисли Норин, Сӯх, Танхоз, Оқбулоқ, Угом ҷойгиранд, ишора гардид. Рӯйхати чунин майдонҳо ба аҳолӣ ва соҳибкорон эълон хоҳад гардид. Муайян гардид, ки имтиёзот ва субсид, ки ба шахсони ҷисмонӣ ва соҳибкорон барои насб кардани нирӯгоҳҳои барқии шамолӣ муқаррар гаштааст, ба нирӯгоҳҳои обии хурд низ татбиқ мегардад.

    Инчунин масъалаи тарбияи мутахассисони баландмалака барои истифодаи иншооти об ба миён омад. Таъкид шуд, ки муассисаҳои таълими олии соҳаи техникӣ, обёрӣ ва меъморӣ корро дар ин самт бояд пурзӯр намоянд ва лабораторияҳои таълимиро доир ба сохтмон ва гидравлика ба вуҷуд оваранд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates