Рафти татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнергетика баррасӣ шуд

    Ҳукумат 17 Mart 2023 7693

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев баррасии иҷрои вазифаҳо оид ба васеъ гардондани истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия баргузор гардид.

    Ба мақсади таъмини истиқлолияти энергетикии кишварамон иқтидори тамоми манбаъҳои энергия истифода мешавад. Аз ҷумла, дар ин раванд неругоҳҳои барқии обӣ нақши калон дорад, ки хусусияти муҳими он аз он иборат аст, ки онҳо қодиранд дар давоми шабонарӯз устуворона энергия ҳосил кунанд.

    Дар тӯли солҳои охир 15 неругоҳи барқии обии нав ба истифода дода, 12 неругоҳ таҷдид карда шуд, ки дар натиҷаи он иқтидори иловагии 260 мегаватта офарида шуд. Имрӯз иқтидори умумии гидроэнергетика дар мамлакати мо ба 2,1 ҳазор мегаватт расид, неругоҳҳои барқии обӣ соле 6,5 миллиард киловатт-соат неруи барқ ҳосил мекунанд.

    Дар баробари ин мувофиқи ҳисобу китобҳо, иқтидори гидроэнергетикӣ метавонад боз ба 1 ҳазор мегаватт зиёд карда, бо иштироки сектори хусусӣ 58 неругоҳи хурди барқии обии иқтидораш 38 мегаватт бунёд карда шавад.

    Дар ҷамъомад дар бораи корҳое, ки дар ин самт ба амал бароварда шуданд, ҳисобот дода шуд. Қайд гардид, ки соли ҷорӣ ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» камаш 7 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол мекунад.

    Ба шахсони масъул оид ба лоиҳакашии 36 неругоҳҳои барқии обии бузург дар қитъаҳои мувофиқи дарёҳои Пском, Норин ва Тӯпаланг супориш дода шуд. Ҳамчунин бо иштироки сектори хусусӣ 26 неругоҳи хурди барқии обии иқтидораш 9 мегаватт бунёд карда хоҳанд шуд.

    Масъалаҳои марбут ба сохтмони се неругоҳи барқии обии иқтидораш 23 мегаватт дар канали калони Андиҷон ва як неругоҳи барқии обии иқтидораш 16 мегаватт дар дарёи Тӯпаланг баррасӣ шуданд.

    Ба нақша гирифта шудааст, ки соли ҷорӣ панелҳои офтобии иқтидораш 1,7 ҳазор мегаватт дар ҳудуди субъектҳои хоҷагидорӣ, иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва хонаводаҳои аҳолӣ насб карда шаванд. Дар минтақаҳо дар ин самт корҳо оғоз ёфтанд.

    Аз ҷумла, дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар муҳлати кутоҳ дар соҳаи иҷтимоӣ батареяҳои офтобии иқтидори умумиашон 62 мегаватт, дар объектҳои соҳибкорон – 23 мегаватт, дар хонаҳои шахсӣ – 20 насб карда шуданд.

    Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки бояд ин корро суръат бахшида, пешниҳоду ташаббусҳои соҳибкоронро оид ба рушди энергетикаи «сабз» дастгирӣ кард.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates