Мубодилаи афкор доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ бо таваҷҷуҳ ба татбиқи созишномаҳо, ки дар натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Арабистони Саудӣ дар моҳи августи соли 2022 ба даст омадаанд, сурат гирифт.
Ӯҳдадориҳои ҷонибҳо ҷиҳати расонидани дастгирии мутақобила дар чаҳорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ қайд карда шуд.
Пешниҳодҳо оид ба фаъол гардонидани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ баррасӣ шуданд.
Ҷадвали чорабиниҳо ва сафарҳои дарпешистода, аз ҷумла иштироки Ӯзбекистон дар Биенналеи I санъати исломӣ, ки аз 23 январ то 23 апрели соли ҷорӣ дар Ҷидда баргузор мешавад, мувофиқа карда шуд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҷудогонаи сиёсати минтақавӣ баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.