Дар ҷаласа роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии кишварҳои узви ИДМ ширкат варзиданд. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои гуногуни вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Иттиҳод, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, башардӯстона ва дигар самтҳоро баррасӣ карданд.
Дар поёни ҷаласа Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ як қатор лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳоро ҷонибдорӣ намуд, ки онҳо барои баррасӣ ба Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ пешниҳод мегарданд.
Иштироккунандагон аҳамияти муколамаи фаъол ва амалҳои ҳамоҳангшударо барои таҳкими ҳусни тафоҳум ва таъмини рушди устувор дар фазои ИДМ таъкид карданд.