Зимни мулоқот самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва нақшаҳо барои ояндаи наздик баррасӣ шуданд. Итминон изҳор гардид, ки барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба имкониятҳои васеъ мавҷуданд.
Таъкид шуд, ки рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Словения дар соли 2025 пурмуҳтаво ва умедбахш мебошад.
Тарафҳо дар бораи аҳамияти таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷоративу иқтисодӣ, таълим, инноватсия ва фарҳангию инсонпарварӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот Вазирии корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов ба сафири Словения Аленка Сухадолник барои иҷрои бомуваффақияти рисолати дипломатиаш барори кор орзу намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ВКХ Ӯзбекистон.









