Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъияти кунунӣ дар Ховари Миёна табодули назар карданд. Дипломатҳо аз рушди рӯйдодҳое, ки метавонанд ба амнияти минтақа таҳдид намоянд, изҳори нигаронӣ карда, зарурати пешгирии шиддат гирифтани минбаъдаи вазъиятро таъкид намуданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳамаи низоъҳо бояд бо роҳҳои дипломатӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳаллу фасл карда шаванд.
Илова бар ин, иштирокчиёни мулоқот дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ӯзбекистон бо кишварҳои арабии Халиҷ, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар доираи формати «Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ»-ро баррасӣ карданд.