Зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва СҲИ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби СҲИ ва баланд бардоштани нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҳ. Нозирӣ раисии фаъолу пурқуввати Ӯзбекистон дар ин созмонро, ки соли 2022 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Соли таҳкими робитаҳо дар СҲИ» эълон шуда буд, қайд намуд. Итминон ҳосил шуд, ки татбиқи ҳамаҷонибаи ташаббусҳои роҳбари Ӯзбекистон, ки дар нишасти Ашқободи СҲИ эълон шуда буданд, ба фаъолияти Созмон такони пурқувват бахшида, ба «нуқтаи рушд»-и нав табдил хоҳад ёфт.
Аҳамияти чорабиниҳое, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуданд, аз ҷумла ҷаласаи Шӯрои минтақавии банақшагирӣ, ҷаласаҳои роҳбарони вазоратҳои кишоварзӣ ва сайёҳӣ, вохӯриҳо оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ғайра таъкид гардид. Инчунин Котиби генералӣ ҷониби Ӯзбекистонро ба муносибати ба унвони пойтахти сайёҳии Созмон дар соли 2024 интихоб шудани шаҳри бостонии Шаҳрисабз табрик намуд.
Ҷонибҳо дар мавриди зарурати истифодаи муассиртар аз иқтидори ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СҲИ, бахусус дар бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва энергетика барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар конфронси «Дурнамои СҲИ 2025» нуқтаи назари якхела изҳор намуданд.
Ҷанбаҳои ташкилӣ ва моҳиятии ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Тошканд, инчунин дигар чорабиниҳои таҳти раёсати Ӯзбекистон баргузоршуда баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.