Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо Маърӯзагари махсуси СММ мулоқот кард

    29 ноябри соли 2021 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Ўзбекистон Абдулазиз Комилов бо Маърӯзагари махсуси СММ оид ба масъалаҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ дар шароити мубориза бо терроризм Фионнуала Ни Аолайн мулоқот анҷом дод.

    Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Ӯзбекистонро бо СММ ва сохторҳои махсуси он дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ карданд.

    Гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид ба талошҳои кишвари мо ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, расонидани кӯмаки муассир ба афроде, ки дар дигар давлатҳо дар вазъияти душвор қарор доранд, аз ҷумла барои баргардонидан ва репатриатсияи одамон, ба хусус занону кӯдакон аз минтақаҳои ҷанг дар Шарқи Наздик баҳои баланд дод.

    Дар бораи вазъияти Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар бораи зарурати расонидани ёрии таъҷилии башардӯстона ба мардуми Афғонистон андешаи умумӣ баён шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates