Раҳбари СММ пешниҳод мекунад, ки Нақшаи ҷаҳонии эмгузаронӣ қабул карда шавад

    Муҳим 8 Iyul 2021 518

    Аллакай 4 миллион нафар аз COVID-19 фавтидаанд. Дар айни замон, вирус босуръат паҳн мешавад, ки ин маънои онро дорад, ки миллионҳо одамон зери хатар мебошанд.

    Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар ин бора ҳушдор дод. Вай даъват кард, ки истеҳсоли ваксинаҳо ду баробар афзоиш ёбад ва тақсимоти одилонаи онҳо дар саросари ҷаҳон таъмин карда шавад.

    «Имрӯз, ҷаҳон дар доираи пандемияи COVID-19 боз як рекорди андӯҳгинро гузошт. Аз ин вирус аллакай чор миллион нафар фавтидааст. Ин натиҷаи фоҷиабор аз шумораи аҳолии ҳар сеюмин мамлакати сайёра зиёдтар аст», - гуфт Антониу Гутерриш.

    Хуруҷи нави коронавирус дар Ҳиндустон нишон дод, ки эм кардани ҳарчи зудтари шумораи ҳарчи бештари одамон то чӣ андоза муҳим аст.

    Сарвари СММ илова кард, ки ба шарофати ваксинаҳо "шуои умед" пайдо шуд, аммо паҳншавии вирус аз истеҳсол ва паҳнкунии онҳо пеш гузашта истодааст.

    «Ин пандемия ҳанӯз ҳам ба таври возеҳ аз байн рафтан дур аст: қурбониёни аз нисф зиёди он имсол фавтиданд. Агар вирус ба мисли сӯхтори ҷангал паҳн шавад, миллионҳо одамон дар хатар хоҳанд монд», - таъкид кард Дабири кулли СММ.

    Вай огоҳ кард, ки вирус ҳарчӣ зудтар паҳн шавад, ҳамон қадар штаммҳо - шатаммҳои сирояткунандатар, ҳатто марговартар пайдо шуда, самаранокии ваксинаҳои мавҷударо ба ҳеҷ мебароранд.

    Дабири кулли СММ чунин мешуморад, ки барои рафъи тафовут дар эмкунӣ Нақшаи глобалии эмкунӣ лозим, ки дар доираи он бояд:

    • истеҳсоли ваксинаро ду бароабар зиёд намуда, ба сифати платформа аз COVAX истифода бурда тақсимоти одилонаро таъмин кард;
    • раванди амалисозӣ ва маблағгузории Нақшаро ҳамоҳанг кард;
    • мушкилоти ҷиддии нобоварӣ ба ваксинаро ҳаллу фасл кард.

    Барои татбиқи ин нақша Антониу Гутерриш даъват кард, ки гурӯҳи фавқулоддаи мақсаднок таъсис дода шавад, ки ҳамаи кишварҳои дорои тавонмандиҳои тавлиди ваксина, инчунин Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Алянсии ҷаҳонӣ оид ба ваксина ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дохил шаванд, ки қодиранд бо ширкатҳои дорусозии дахлдор ва истеҳсолкунандагон кор кунанд.

    «Тақсимоти одилонаи ваксинаҳо бузургтарин ва таъхирнопазиртарин озмоиши ахлоқии замони мост. Ин як зарурати амалӣ низ мебошад. То ҳама эм карда нашаванд, хатар ба ҳар яки мо таҳдид мекунад”, - ҳушдор дод Дабири кулли СММ.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates