Дар фурудгоҳи байналмилалии Навоӣ ӯро ҳокими вилояти Навоӣ Нормат Турсунов, вазири энергетика Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
«Раиси Ҷумҳурии Тотористон аз як қатор корхонаҳо дидан карда, бо роҳбарияти вилоят вохӯрда, оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак мулоқот хоҳад кард», - омадааст дар хабар.
Қайд карда мешавад, ки ин нахустин сафари Р.Минниханов ба ҷумҳурӣ набуда - рушди ҳамкориҳои Тотористону Ӯзбекистон яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии ин минтақаи Русия мебошад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар охири соли 2023 гардиши мол миёни ду ҷумҳурӣ 27% афзуда, 370 миллион долларро ташкил додааст. Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Қазон ва намояндагии Тотористон дар Тошканд аз соли 1992 фаъолият доранд.