Тавре ки дар хадамоти матбуотии Хадамоти амнияти давлатӣ хабар доданд, сабаби чунин амал норозигии яке аз айбдоршавандагон аз гузарониданаш ба вазифаи дигар будааст.
Муайян гардид, ки корманди 37-солаи ҶС «Темирйўлинфратузилма», ки қаблан дар вазифаи бригадири корҳои деворбандии роҳи оҳан фаъолият мекард, баъди барҳам додани воҳиди корӣ дар моҳи декабри соли 2023 ба вазифаи коргари роҳ ва посбони деворбандӣ гузаронида шудааст. Бо қарори роҳбарият розӣ нашуда, ӯ бо ҳамкораш — марди 33-сола аз ноҳияи Кармана нақшаи ҷиноятӣ таҳия намуданд.
14 январи соли ҷорӣ шом, ҷинояткорон ба километри 3872-уми қитъаи роҳи оҳан байни истгоҳҳои «Зиёвуддин» ва «Навоӣ», воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи «Буркут»-и ноҳияи Пахтачии вилояти Самарқанд омада, шпали бетонии 110-килограммаро болои релсҳо гузошта, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.
Пас аз 15–20 дақиқа қатораи тезҳаракати «Афросиёб», ки дар масири «Тошканд — Бухоро» бо суръати 159 км/соат ва бо 148 мусофир ҳаракат мекард, ба монеа бархӯрд. Хушбахтона, касе осеб надидааст, аммо механизми ҳаракатдиҳандаи қатора шикасти ҷиддӣ гирифт.
Дар рафти чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳар ду гумонбарро дастгир намуданд.
Суд мардҳоро мувофиқи моддаи 161 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон («Диверсия») гунаҳгор донист. Яке аз ҷинояткорон ба 13 сол ва дигарӣ ба 12 сол зиндон шуданд.
Илова бар ин, аз маҳкумшудагон зарари ба маблағи 260 миллион сӯм расондашуда ба фоидаи давлат ситонида мешавад.










