Зарбаи зебои «парашютӣ»-и ҳамлагари ӯзбек дар овоздиҳӣ голҳои ситораҳои машҳури футбол, аз ҷумла Лионел Месси, Килиан Мбаппе ва Винисиус Жуниорро қафо гузошт.

Дар ФИФА таъкид карданд, ки голи Шомуродов яке аз лаҳзаҳои ҷолибтарини иштироки нахустини тими миллии Ӯзбекистон дар Ҷоми ҷаҳон гардида, таваҷҷуҳи мухлисони футболро дар саросари ҷаҳон ба худ ҷалб кардааст.

Ин дастоварди назаррас ба шарофати дастгирии фаъоли мухлисони футбол, ки дар овоздиҳии байналмилалии онлайн иштирок намуданд, ба даст омад.

Ҳамчун беҳтарин голи марҳилаи гурӯҳӣ эътироф шудани голи Элдор Шомуродов дастоварди муҳим ҳам барои худи футболбоз ва ҳам барои тамоми футболи Ӯзбекистон буда, маҳорати баланди капитани тими миллӣ дар арсаи ҷаҳониро бори дигар тасдиқ намуд.