Тибқи иттилоъ, дар як қатор ноҳияҳои шаҳр эътирозҳо ҷараён доранд. Дар робита ба ин мақомоти Туркия чораҳои иловагии амниятӣ ҷорӣ карданд.
То 11 сентябр дар шаш ноҳияи Истанбул, аз ҷумла дар ноҳияи Бешиктош, ки дар он ҷо Консулгарии генералии Ӯзбекистон воқеъ аст, баргузории чорабиниҳои оммавӣ муваққатан манъ шудааст. Илова бар ин, маҳдудиятҳо дар истифодаи паёмрасонҳои хориҷӣ ҷорӣ шудаанд.
Вазорат ба шаҳрвандони Ӯзбекистон шадидан тавсия медиҳад:
аз ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд,
ба минтақаҳои баргузоршавии эътирозҳо наздик нашаванд,
қонунҳо ва қоидаҳои маҳаллиро сахт риоя намоянд.
Дар олатҳои фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Истанбул тавассути телефон муроҷиат намоянд:
+90 (212) 909 08 04.








